Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Курдҳо президент ва парлумонро интихоб мекунанд


Дар минтақаи худмухтори Курдистони Ироқ ин лаҳзаҳо интихоботи президентӣ ва парлумонӣ идома дорад. Ҳадс зада мешавад, ки раҳбари феълии минтақа Масъуди Барзонӣ дар сабқати президентӣ пирӯз хоҳад шуд. Ду ҳизби аслии Курдистон – Ҳизби демократӣ ва Иттиҳоди ватандӯстонаи Курдистон барои дарёфти бештари курсиҳо дар парлумон шонсҳои беҳтар доранд.
Ба минтақаи худмухтори Курдистон се вилояти асосан курднишини воқеъ дар шимоли Ироқ –Доҳур, Арбил ва Сулаймония шомиланд.
XS
SM
MD
LG