Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифин ба намоишҳои эътирозӣ омода мешаванд


Мухолифини қирғиз ба эътирозҳои густарда ба хотири лағви натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ омодагӣ мегиранд. Воҳид Бешимов, раиси ситоди номзади мухолифин Алмосбек Отамбоев, дар нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфт, ки бар асари ошкор шудани қонуншиканиҳои зиёд дар юараёни раъйдиҳӣ аҳзоби мухолифи ҳукумат натоиҷи муқаддамотии эълонкардаи Комиссиюни интихобот ва раъйпурсиро эътироф намекунад ва барои баргузории интихоботи такрорӣ пойфишорӣ хоҳанд кард. Ӯ ҳамчунин имкони муроҷиат ба Додгоҳи Қонунии асосии Қирғизистонро ҳам баъйид намедонад.
Тибқи иттилоъи пешакӣ, дар интихобот раисиҷумҳури феълӣ Қурмонбек Боқиев пирӯз шудааст – аз ӯ беш аз 83 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ кардаанд. Иттиҳодияи Аврупо эълом дошт, ки интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон ба меъёрҳои байнулмилалӣ мутобиқ набуданд. Дар изҳороти нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бошад гуфта шудаааст, ки дар ҷараёни раъйдиҳӣ қонуншиканиҳои зиёд, аз ҷумла, ба қуттиҳо андохтани баргаҳои тақаллубӣ мушоҳида гардид.
XS
SM
MD
LG