Пайвандҳои дастрасӣ

Исфандиёр Мошоӣ аз мақомаш барканор шуд


Исфандиёр Раҳим Мошоӣ, муовини раисиҷумҳури Эрон, зери фишори раҳбари рӯҳонии кишвар оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ аз мақомаш канор рафт. Ӯ ба ин маснад аз сӯи раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод таъин шуда буд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ изҳор намуд, ки таъини Мошоӣ дар мақоми муовини раисиҷумҳур боиси тафриқа дар ҷомеъа, аз ҷумла, миёни ҷонибдорони худи Аҳмадинажод мегардад.
Як ҳафта пеш шабакаи телевизионии давлатии инглисзабони Press-TV хабар дода буд, ки Мошоӣ, қудои раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод, се рӯз баъд аз пазируфта шуданаш дар мақоми муовини раисиҷумҳур бар асари ошкор шудани пайванди хешутаборияш бо Аҳмадинажод аз мақомаш истеъфо додааст. Ва аммо Мошоӣ ин иттилоъро рад кард ва изҳор намуд, ки сару садоҳо дар бораи истеъфояш аз сӯи душманони ҳукумат пахш мешавад. Зимнан, Исфандиёр Раҳим Мошоӣ соли гузашта барои гуфтаҳояш дар бораи он ки Эрон дӯсти мардуми Исроил аст, ҳадафи танқиди муҳофизакорон ва, аз ҷумла, оятуллоҳ Алӣ Хоманей қарор гирифта буд.
XS
SM
MD
LG