Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқод аз интихоботи Қирғизистон


Раҳбари нозирони САҲА гуфт, ҷои таассуф аст, ки интихоботи президентии Қирғизистон нишонаи пешрафти демократӣ нашуд.

Ба гуфтаи хонум Радмила Шекеринска интихоботи президентӣ ба стандартҳои асосии САҲА ҷавобгӯ набуд, ки Қирғизистон ӯҳдадор шудааст ва мушоҳидаи раванди интихобот низ онҳоро дилсард намуд.

Радмила Шекеринска ибрози умедворӣ кард, ки арзёбӣ ва тавсияҳои дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА дар мавриди таҷдиди назар ба интихоботҳои ояндаи Қирғизистон корбаст хоҳад шуд.

Сенатор Консилио ди Нино, ҳамоҳангсози вижаи нозирони САҲА ва раҳбари намояндагони Ассамблеяи парлумонии САҲА дар интихоботи президентии Қирғизистон иброз дошт, ки мавҷудияти плюрализми сиёсӣ ва фаъолнокии ҷомеаи шаҳрвандӣ боиси хушҳолии онҳо гардид.

Вай афзуд, вале истифодаи захираҳои идорӣ, эҷоди монеаҳо ва таҳдид болои мухолифон фазоеро рӯи кор овард, ки эътимоди баргузории интихоботи ҳақиқатан демократиро аз байн бурд.

Ба шаҳодати Консилио ди Нино дар баъзе ҳавзаҳои интихоботӣ ба нозирони САҲА роҳ надодаанд, ки раванди раъйдиҳиро назорат кунанд.
Ба таъкиди нозирони дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА дар ҷараёни тарғиби барномаҳои пеш азинтихоботӣ низ байни президент Боқиев ва панҷ номзади дигар фазои комилан нобаробар вуҷуд дошт.

Ин дар ҳолест, ки нозирони ИДҲ дар мавриди интихоботи президентии Қирғизистон акси изҳороти нозирони САҲА-ро арзёбӣ карданд.

Сергей Лебедев, раиси комитети иҷроияи ИДҲ, ки аз ҳайати нозирони кишварҳои узви ин иттиҳод раҳбарӣ мекунад, дар робита ба интихоботи президентӣ гуфт, интихоботи президентии Қирғизистон 23 июл тибқи меъёрҳое бургузор шуд, ки қонунгузориҳои ин кишвар муқаррар кардааст.

Вай гуфт, ки ин интихобот бозу шаффоф ва дар фазои демократӣ сурат гирифт.

Ба гуфтаи Сергей Лебедев номзад ба мақоми президентӣ Алмосбек Атамбоев пеш аз он ки аз ширкат дар интихоботи президентӣ даст кашад, мебоист бо далелҳои қотеъ ба комиссияи марказии интихобот муроҷиат мекард ва собит менамуд, ки дар раванди раъйдиҳӣ ба чунин қонуншиканиҳо роҳ дода шуд.

Аммо Бақит Бешимов, раиси ситоди Алмосбек Ҳотамбоев, номзади ягона ба мақоми президентӣ аз иттиҳоди мухолифин мавқеи нозирони САҲА-ро дар мавриди интихоботи президентии кишвараш ҳаққонӣ маънидод кард.

Ба гуфтаи Бешимов вай чунин мешуморад, ки арзёбии нозирони дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА арзёбии комилан дуруст аст.

Вай афзуд, зеро ҳукумати Қирғизистон ӯҳдадориҳои худ дар назди САҲА-ро иҷро накард ва аз баргузории интихоботи ҳаққониву озод даст кашид.

Ба гуфтаи раиси ситоди Алмосбек Ҳотамбоев аз ин рӯ онҳо интихоботи президентии 23 июро ғайриқонунӣ мешуморанд.
Бақит Бешимов гуфт, ҳукумате, ки президент Боқиев ғайриқонунӣ ба даст овардааст, ба зудӣ сарнагун хоҳад шуд.

Бино ба шаҳодати ин ҳамсӯҳбати мо дар ояндаи наздик мавҷи тазоҳурот Қирғизистонро фаро хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол Дамир Лисовский, раиси комиссияи марказии интихобот ва баргузории референдумҳои Қирғизистон натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи президентии 23 июлро эълон кард. Тибқи ин натиҷагирӣ номзад ба давраи дуввуми интихоботи президентӣ Қурмонбек Боқиев дар сафи пеш қарор дорад.

Оқои Лисовский гуфт, ки ба тарафдории Боқиев бештар аз як миллиону сесаду ҳаштод ҳазор нафар овоз додаанд, ки дасти кам 86 дарсади раъйҳоро ташкил мекунад.

Бино ба ин манбаъ ҷои дуввумро яке аз рақибони асосии ӯ Алмосбек Атамбоев ишғол кард ва ба тарафдории оқои ӯ дасти кам як саду панҷ ҳазор ройдиҳанда овоз додаанд, ки 7,43 дарсади раъйҳо мебошад.

Комиссияи марказии интихобот ва референдумҳо мегӯяд, ки Темир Сариев 2,59 дарсад, Ҷенишбек Назаралиев 0,5 дарсад, Тухтаойим Уметалиева 0,39 дарсад, Нурлан Мотуев 0,31 дарсади раъйҳоро ба даст овардаанд.

Ба муқобили ҳамаи номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурии Қирғизистон 1,34 дарсади интихобкунандагон раъй додаанд.

Иддае аз коршиносон мегӯянд, ки чунин ҳузури зиёди раъйдиҳандагон дар интихоботи президентии Қирғизистон бори аввал ба вуқӯъ пайваст. Аммо иддае аз коршиносон ширкати ин миқдори овоздиҳандагонро бофтаи ҳукумат арзёбӣ намуданд.
XS
SM
MD
LG