Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориши раиси RFE/RL ба Конгресси Амрико


Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Ҷеффрӣ Гедмин, дар Конгресси Иёлоти Муттаҳида, 23-юми июли соли 2009.

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Ҷеффрӣ Гедмин, дар Конгресси Иёлоти Муттаҳида, 23-юми июли соли 2009.

Ҷеффрӣ Гедмин, гуфт, RFE/RL дар мубориза барои ҳуқуқи инсон, демократия ва озодии матбуот аз лиҳози фанноварӣ низ пешсаф боқӣ мемонад.

Вай суханони вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтонро нақли қавл кард, ки ҳангоми боздидаш аз дафтари марказии Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ дар Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, ин радиоро "беҳтарин шакли нерӯи доно" номид.
Ин роҳест барои ҷалби дил ва андешаи мардум дар саросари ҷаҳон ва на ба воситаи таблиғ, балки ба воситаи кӯмак ба одамон барои дастрасӣ ба маълумот...

Президент Гедмин, дар баёноташ ба Конгресси Иёлоти Муттаҳида аз фаъолияти хабарнигорони ин расона ҳикоят кард, ки гоҳо ба хотири маълумоти саривақтӣ ва мӯътамад, бо хатар ё дастикам бадбинию ситезаи ҳукуматҳо рӯбарӯ мешаванд.

Бо вуҷуди ин наздик ба ним қарн аст, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба гузоришгарии ростгӯёна ва рӯшод дар роҳи чандандешӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба гуногунӣ вафодор аст.

"Ва дар ҳоле, ки фанноварӣ пеш меравад, Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ низ дар як ҷой намеистад. Имрӯз мо пешрафтатарин сомонаҳои интернетӣ ва нашароти видеоӣ дорем. Мо паёмдиҳӣ дар Facebook ва Тwitter-ро барои ҳампайвандӣ бо муштариёни худ ва ҳампайвандии онҳо бо ҳамдигар истифода мекунем."

Раиси Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, барномаҳои ин расона дар Русия, Украина, Беларус, давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, чанд кишвари муҳими Аврупои Шарқӣ, Афғонистон, Эрон ва Ироқ шунавандаи зиёд дорад. Аммо ба ин шунавандагон на таблиғ, балки маълумот пешкаш мешавад ва қазоват бо худи онҳост.

Дар Эрон ҳукумат ба мавҷҳои радиои "Фардо" халал ворид мекунад ва сомонаҳои интернетии Раиси Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ баста шудаанд, вале ба ин нигоҳ накарда мардум бо ҳар роҳе ба ин барномаҳо дастраcӣ меёбанд ва талош мекунанд, дар баҳсу гуфтугӯҳои он ширкат варзанд.

Дар ҳоле ки дар саросари Осиёи Марказӣ, гуфт Гедмин, худкомагии қудрат ва тундгароии исломӣ рӯ ба афзоиш дорад, Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба мардуми ин минтақа иттилооти дасти аввал ва таҳлили масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро пешкаш мекунад.

Хабарнигорони радио қадамҳои ноустувори Туркманистонро дар қатъи гӯшанишинӣ думбол мекунанд ва дар Узбакистон шоҳиди боз ҳам шиддат гирифтани истибдод мешаванд, дар Қирғизистон аз зарурати ҳифзи чандандешӣ мегӯянд ва дар Қазоқистон ба талошҳои ахири ҳукумат дар маҳдуд кардани интернет тамаркуз додаанд.

Дар Тоҷикистон, афзуд Гедмин, масъалаҳои гуногун, ба монанди фасоду ришватхорӣ ва шеваҳои мубориза ба он, тундгароӣ, муносибатҳои давлат ва дин ва амнияти кишвар дар маркази таваҷҷӯҳ қарор доранд.

Раиси Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, дар Афғонистон қариб ними аҳолии калонсол ба барномаҳои ин радио гӯш медиҳанд ва дар ин барномаҳо таҳаммулпазирии мазҳабию масъулияти шаҳрвандӣ ҷойгоҳи хосса дорад.

Пас аз Ҷеффрӣ Гедмин, мудири "Садои Амрико", Денфорс Оустин, дар кумитаи равобити хориҷии Конгресси Иёлоти Муттаҳида гузориш дод ва "иттилоърасонии дуруст, ростбинона ва фарогирро дар ҳифзи манофеъи дарозмуддати Амрико сарнавиштсоз" номид.

Дар поёни музокирот, раиси зеркумитаи умури Аврупо дар Кумитаи равобити хориҷии конгресс, Роберт Векслер, дар сӯҳбат бо хабарнигорон чунин гуфт:

Роберт Векслер, узви Конгресс.
"На фақат демократҳо ва на фақат ҷумҳурихоҳон, на танҳо либералҳо ё муҳофизакорон, балки ҳамагон дар Конгресси Иёлоти Муттаҳида як ақидаи умумӣ доранд, ки дар ивази он маблағи нисбатан каме, ки мо барои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, "Садои Амрико" ва ниҳодҳои дигар харҷ мекунем, роҳи камхарҷеро дорем, барои ҷалби афкори ом дар саросари ҷаҳон, барои корбурди нерӯи доно ва нарм, ҳар чизе ки гӯем, хуллас, ин роҳест барои ҷалби дил ва андешаи мардум дар саросари ҷаҳон ва на ба воситаи таблиғ, балки ба воситаи кӯмак ба одамон барои дастрасӣ ба маълумот. Ба маълумоти дуруст дар бораи сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳида, дар бораи вазъи кишвари худ."


Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, як расонаи ғайритиҷоратиест, ки аз тарафи Конгресси Амрико таъмини молӣ мешавад ва барои кишварҳое барнома нашр мекунад, ки дар онҳо матбуоти озод вуҷуд надорад ва ё нотавон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG