Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди дигарбораи тасмими Аҳмадинажод


Оятуллоҳ Аҳмад Хотамӣ - як рӯҳонии муҳофизакори Эрон, ки намози ҷумъаи Теҳронро имрӯз хатибӣ мекард, дигарбора аз раиси ҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод хост, муовинаш Исфандиёр Раҳим Машоъиро аз мақомаш барканор кунад. Маҳмуди Аҳмадинажод, ки рӯзи якшанбе ба ҳайси раиси ҷумҳури адои савганд хоҳад кард, ҳафтаи гузашта Раҳим Машоъиро муовини хеш баргузид. Оятуллоҳ Аҳмад Хотамӣ, гуфт, Машоъӣ бояд фавран аз мақомаш барканор карда шавад. Аҳмадинажодро барои баргузидани Машоъӣ ба мақоми ноиби раиси ҷумҳур худи тарафдоронаш ҳам танқид карданд, зеро Исфандиёр Раҳим Машоъӣ чанде пеш Эрон дӯсти мардуми Исроил хонд.
XS
SM
MD
LG