Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии бераҳмонаи зукоми хук


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, вируси зукоми хук то ба 160 кишвари дунё доман зада ва тақрибан 800 нафарро куштааст. Ин созмон ҳушдор дод, ки эҳтимоли густариши бештари беморӣ дар зимистони оянда ва тағйири хосият кардани вирус вуҷуд дорад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, интизор дорад, ки нахустин ваксинаи ин беморӣ то чанд моҳи дигар омода хоҳад шуд. Ин муассисаи Созмони Милал моҳи гузашта эълом кард, ки бемории зукоми хук ба сатҳи пандемия расидааст ва ҳафтаи гузашта гуфт, бинобар густариши босуръати беморӣ ҳисоби ҳар мавриди гирифторӣ бо зукоми хук кори бемаънӣ аст.
XS
SM
MD
LG