Пайвандҳои дастрасӣ

Карл Билдт ба Кобул сафар кардааст


Карл Билдт - вазири умури хориҷаи Шветсия, раҳбари феълии Иттиҳодияи Аврупо, ба хотири дидору мулоқот бо Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳур ва дигар мақомоти расмии Афғонистон ба Кобул сафар кардааст. Дар ҷараёни сафари дурӯза, Карл Билдт доир ба талошҳои Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон гуфтӯгу хоҳад кард ва ҳамчунин бо нозирони интихоботии ин иттиҳодияи мулоқот хоҳад дошт, ки қарор аст, интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ ва раёсати ҷумҳури Афғонистонро назорат кунанд.
XS
SM
MD
LG