Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои тозаи интихоботи Қирғизистон


Бар асоси натиҷаҳои номукаммали интихоботи раёсати ҷумҳури Қирғизистон, дарт рақобатҳо барои ба даст овардани ин мақом раиси ҷумҳури феълӣ Қурмонбек Боқиев пешсаф аст. Кумиссиёни марказии интихобот дар Қирғизистон гуфт, шумориши нисфи раъйҳо нишон дод, ки Қурмонбек Боқиев тақрибан 88 дар сади раъйи мардумро соҳиб шудааст. Алмосбек Отамбоев, номзади аслии мухолифин ва рақиби Боқиев, ки интихоботро олуда ба тақаллуб хонда напазируфт, танҳо бештар аз 7 дар сади раъйҳоро ба даст овардааст. Қарор аст, нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо арзёбии худ аз ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Қирғизистонро ба зудӣ эълом кунанд.
XS
SM
MD
LG