Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи иттилоотӣ ба Тоҷикистон


Пас аз эътирози як узви Думаи давлатии Русия даҳҳо расонаи ин кишвар талоши Тоҷикистонро ба ҳифзи забон ҳадафи ҳамлаи иттилоотӣ қарор доданд.

Даҳҳо расонаи ҳамагонии Русия изҳори назари президенти Тоҷикистон ва нақшаи бознигарии Қонуни забони давлатии ин кишварро ҳадафи интиқоди шадид қарор додаанд.

Мавҷи чунин матолиб замоне ба нашр мерасад, ки Алексей Островский - вакили мардумӣ ва раиси кумитаи Думаи давлатии Русия тарҳи Қонуни нав дар мавриди забони тоҷикиро як хатои ҷиддии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хондааст.

Ба гуфтаи вай, “аз ин иштибоҳи ҷиддии раиси ҷумҳури Тоҷикистон пеш аз ҳама он муҳоҷирони тоҷик ранҷ хоҳанд кашид, ки барои кор ба Русия меоянд.”

Хабаргузории “Интерфакс” аз қавли Алексей Островский – раиси кумитаи умури кишварҳои муштаракулманофеъ дар Думаи Давлатӣ навиштааст, ки дар ҷавоб ба ин иқдоми ҳукумати Тоҷикистон, Русия дар оянда водор хоҳад шуд, пазируфтани коргаронеро маҳдуд намояд, ки забони русиро намедонанд, ки зоҳиран ишорае ба муҳоҷирони тоҷик аст.

Дар тарҳи Қонуни нав доир ба забони давлатӣ дар Тоҷикистон, забони русӣ дигар чун забони муоширати байни миллатҳо эътироф нашудааст.
XS
SM
MD
LG