Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мегӯяд, бо вуҷуди баъзе ҷанбаъҳои мусбат, интихоботи Қирғизистон ҷавобгӯи меъерҳо набуд.

Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА бо такия ба дарёфтҳои нозирони худ гуфт, интихоботи президентии Қирғизистон ба меъёрҳои калидии интихоботи озоду одилона ва шаффоф ва ба ӯҳдадориҳои байнулмилалии Қирғизистон посух надод ва онро наметавон пешрафте дар равандҳои демократии Қирғизистон номид.

Ин иҳзорот дар ҳоле садо медиҳад, ки ду номзади мухолиф Ҳотамбоев ва Назаралиев бо эътироз аз шеваи интихобот тарафдорони худро ба тазоҳурот даъват карданд. Дар ин тазоҳурот ҳудуди 2 ҳазор нафар аз тарафдорони ду номзад ширкат карданд.

Куммиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон мегӯяд, бар асоси шумориши бахше аз орои интихоботи дирӯзаи раёсати он ҷумҳурӣ, президенти кунунӣ Қурмонбек Боқиев бо касби 90 дарсади оро дар сафи пеш аст.

Мақомоти интихоботӣ ин рақамро бар асоси шумориши 15 дарсади оро эълон кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки номзади аслии мухолифин Алмосбек Ҳотамбоев дар чанд соати қабл аз анҷоми интихобот номзадиашро пас гирифта, тарафдоронашро ба раҳпаймоиҳои эътирозӣ даъват кард ва хостори интихоботи ҷадид шуд.

Дамир Лисовский, раиси куммиссиюни марказии интихоботӣ гуфт, мувофиқи қонуни интихобот ва референдумҳои Қирғизистон, номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ фақат се рӯз то баргузории маъракаи раъйдиҳӣ ҳақ дорад, идомаи муборизаро мутаваққиф созад.

Интизор меравад, Куммиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон имрӯз натоиҷи муқаддамотии интихоботи раёсати он ҷумҳуриро эълон кунад.
XS
SM
MD
LG