Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карасин аз мусаллаҳшавии дубораи Тифлис ҳушдор дод


Муовини вазири хориҷаи Русия Григорий Карасин гуфт, Маскав ба хотири ҷилавгирӣ аз мусаллаҳшавии дубораи Гурҷистон дар пайи ҷанги кӯтоҳи моҳи августи соли гузаштааш бо Русия “тадобири мушаххас” хоҳад андешид.
Карасин Тифлисро ҳамчунин айбдор кард, ки дар пешорӯи солгарди он ҷанг дар марз бо вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ даст ба аъмоли, ба гуфтаи муовини вазири хориҷаи Русия, “иғвоангез” мезанад.
Ин суханони Григорий Карасин дар ҳоле садо медиҳанд, ки ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден ба хотири намоиши пуштибонии Вошингтон аз Гурҷистон аз Тифлис дидан кард.
XS
SM
MD
LG