Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақдуния аз ИА паёми мусбат дарёфт кард


Куммиссари ИА дар умури тавсиъаи ин созмон Оллӣ Рен гуфт, таърихи оғози музокирот пиромуни ба узвияти ИА пайвастани Мақдуния шояд ҳамин сол таъйин шавад. Оллӣ Рен, ки дар Скопйе дар пайи мулоқоташ бо сарвазири Мақдуния Никола Груевски сӯҳбат мекард, гуфт, агар Мақдуния ҳама талаботи лозимро то моҳи октябр иҷро кунад, метавонад алакай дар соли ҷорӣ ба музокироти масъалаи узвияташ шурӯъ кунад.
Мақдуния, ки дар пайи фурӯпошии Югославия соҳиби истиқлолият шуд, ҳанӯз дар соли 2005 ҷиҳати пайвастан ба ИА ариза дода буд, вале раванди кунди ислоҳот то кунун монеъи шурӯъи музокирот миёни Брукселу Скопйе шудааст.
XS
SM
MD
LG