Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Байден гуфт, Амрико аз Гурҷистон ҳимоят мекунад


Ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден рӯзи панҷшанбе, дар охирин рӯзи боздидаш аз Гурҷистон, бо раиси он ҷумҳурӣ Михаил Саакашвилӣ мулоқот кард. Байден ба Саакашвилӣ гуфтааст, сафари ӯ ба Тифлис баёнгари ба пуштибонӣ аз Гурҷистон пойбанд мондани Амрикост.
Ҷо Байден сипас дар парлумони Гурҷистон гуфт, ки Вошингтон аз азми ин кишвар барои пайвастан ба паймони низомии НАТО пурра ҳимоят мекунад. Вай ҳамчунин гуфт, Амрико аз тамомияти арзии Гурҷистон ҳимоят карда, истиқлолияти вилоёти ҷудоиталаби Абхозистон ва Осетияи ҷанубиро эътироф нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG