Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи интихоботи Қирғизистон имрӯз эълон мешавад


Интизор меравад, Куммиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон имрӯз натоиҷи муқаддамотии интихоботи раёсати он ҷумҳуриро эълон кунад. Натоиҷи назарсанҷиҳо, ё худ экзит-поллҳои анҷомшуда дар рӯзи интихобот ҳокист, ки раисиҷумҳури феълии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев бо касби наздики 70 дарсади оро дар ин маърака баранда мешавад. Рақиби аслии ӯ - сарвазири собиқ Алмосбек Ҳотамбоев дар чанд соати қабл аз анҷоми интихобот номзадиашро гирифт ва гуфт, интихобот тақаллуб шудааст. Ҳотамбоев тарафдоронашро ба раҳпаймоиҳои эътирозӣ даъват кард ва хостори интихоботи ҷадид шуд.
Шоми панҷшанбе дар пайи анҷоми овоздиҳӣ ҳудуди 2000 аз тарафдорони мухолифин дар Бишкек гирди ҳам омаданд.
Амрикову Русия ҳарду дар ин кишвари мусалмоннишини Осиёи Марказӣ пойгоҳи низомӣ доранд.
XS
SM
MD
LG