Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин ҷашнвораи наът дар Тоҷикистон


Имсол дар Тоҷикистон барои нахустин бор ҷашнвораи саросарии мусиқии суннатии наът баргузор мешавад. Фароғат Азизӣ, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфтааст, ин ҷашнвора дар чаҳорчӯби таҷлил аз соли Имоми Аъзам доир хоҳад шуд. Дар ҷашнвора, ки аз 2 то 4 август дар толори Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев барпо хоҳад шуд, қарор аст, 22 овозхони ғолиби ҷашнвораҳои шаҳриву ноҳиявии мусиқии наът ширкат биварзанд.
Наът як навъи мусиқии мазҳабист, ки асосан дар ҳамди Паёмбари ислом суруда мешавад. Иҷрои мусиқии наът дар даврони шӯравӣ мамнӯъ буд.
XS
SM
MD
LG