Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Донишҷӯёни Донишгоҳи Индиана дар Амрико пас аз он ки палави тоҷикиро чашиданд, гуфтанд, таъми он як умр дар лабонашон боқӣ хоҳад монд.

Палави тоҷикӣ дар чаҳорчӯби чорабиниҳои фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Индиана ба донишҷӯёни амрикоӣ пешниҳод шуд. Онро Насиба Мирпочоева, муаллимаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки феълан дар Донишгоҳи Индиана дарс мегӯяд, омода кард. Дар омода кардани палав ба муаллима Мирпочоева донишҷӯёнаш ёрӣ доданд.

Крис Рис, масъули чорабиниҳои фарҳангӣ дар СЕУС, департаменти омӯзиши Осиёи Марказии Донишгоҳи Индиана розӣ шуд, то шуморе аз аксҳои бардоштаашро ба маърази тамошои хонандагони гиромии торнамои Озодӣ бигзорад. Ин аксҳоро бо пахши рамзи нигористон дар паҳлӯи рости ин саҳифа дида метавонед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG