Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии Амрико ба сохтани чатри дифоъ аз Эрон


Ҳилларӣ Клинтон нахустин бор гуфт, ки чӣ гуна Амрико кишварҳои Ховари Миёнаро аз Эрони мусаллаҳ бо бомби атомӣ муҳофизат хоҳад кард.

Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида гуфт, Амрико як чатри дифоъиеро дар минтақа хоҳад офарид ва Эрон бояд бидонад, ки бо сохти силоҳи атомӣ худро эмину амнтар нахоҳад кард.
Эрон бояд дарк кунад, ки бо талошаш барои даст ёфтан ба силоҳи атомӣ, амнияташро бештар нахоҳад кард ва ба ҳадафаш барои афзудани қудрат дар минтақа ва ҷаҳон нахоҳад расид...

Давлати Исроил ба ин гуфтаҳо билофосила вокуниш нишон дода ва иброз дошт, аз баёнияҳои хонум Клинтон ингуна бармеояд, ки гӯё Иёлоти Муттаҳида, ногузирии як Эрон мусаллаҳ бо бомби атомиро пазируфтааст.

Вале Ҳилларӣ Клитон ин иддаъоро ҷиддан рад карда гуфт, сиёсати Амрико нисбат ба Эрон тағйир наёфтааст ва Эрон дорои силоҳи атомӣ ғайри қобили қабул аст. Гузориш:

Вазири умури хориҷаи Амрико ҳушдор дод, ки агар бигузоранд, ки Эрон соҳиби силоҳи атомӣ шавад, дар Ховари Миёна ноором мусаллаҳшавии азиме сурат хоҳад гирифт. Ҳангоми суханронӣ дар Таиланд хонум Ҳилларӣ Клинтон гуфт, Эрон бояд ин масъаларо дарк кунад.

"Эрон бояд дарк кунад, ки бо талошаш барои даст ёфтан ба силоҳи атомӣ, амнияташро бештар нахоҳад кард ва ба ҳадафаш барои афзудани қудрат дар минтақа ва ҷаҳон нахоҳад расид."


Ҳилларӣ Клинтон афзуд, Эрон дар шаклдиҳии манофеъи дарозмуддаташ ҳамин воқеъиятро ба инобат бигирад.

"Муҳим барои Эрон ин аст, ки бидонад, пеши рӯ чӣ дорад, агар барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ талош кунад, боиси мусаллаҳшавӣ дар минтақа хоҳад шуд. Ва ин ба муҳосибаҳои Эрон доир ба ниятҳои ояндааш таъсири манфӣ мегузорад ва ҳам ба манофеъи амнияти миллиаш дар оянда."


Ҳилларӣ Клинтон доир ба иқдомоти ҷавобии Амрико ҷузъиёт надод. Вале ҳар силоҳе, ки Амрико ба шариконаш дар Ховари Миёна мефурӯшад, ғайриҳастаӣ хоҳад буд ва чатри дифоъие, ки аз он сухан меравад, иборат аз силоҳҳои дифоъӣ ба мисли мушакҳое хоҳад буд, ки барои рафъи ҳамлаҳои ҳавоии эҳтимолӣ аз Эрон пешбинӣ мешаванд.

Клинтон гуфт, натиҷа ин хоҳад буд, ки Эрон қодир ба тарсонидану тассалут бар кишварҳои минтақа нахоҳад буд, онгуна ки баъзе аз давлатмардони Эрон фикр мекунанд, бо дастёбӣ ба силоҳи атомӣ метавонанд, қодир ба ин корҳо шаванд.

Баёнияҳои Ҳилларӣ Клинтон вокуниши билофосилаи Исроилро ба бор овард, ки Эрони мусаллаҳ бо бомби атомиро, хатари аслӣ ба амнияти миллии хеш медонад.

Дан Меридор муовини нахуствазири Исроил ва ҳамзамон вазири иттилоъоту атомӣ гуфт, аз шунидани баёнияҳои хонум Клинтон ҳаяҷонзада нашудааст, ки ба гуфтаи вай аломатест, ки гӯё Амрико Эрон мусаллаҳ бо бомби атомиро пазируфтааст.

Кори дуруст ба гуфти Дан Меридор роҳ надодани Эрон ба дастёбӣ ба силоҳи атомист.

Исроил дар гузашта гуфтааст, дар сурати зарурат бо ҳамлаи низомӣ таъсисоти атомии Эронро хароб хоҳад кард. Дар баёнияҳои баъдиаш Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ки фаразан сӯҳбат мекард ва кишвараш Эрони мусаллаҳ бо бомби атомиро ғайриқобили қабул медонад.
XS
SM
MD
LG