Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи музокироти Тоҷикистону Ӯзбакистон


Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, дирӯз дар шаҳри Тошканд нишасти навбатии кумиссиёни байнидавлатии ташхису аломатгузории марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон оғоз шудааст. Ҳайъати Тоҷикистонро дар ин нишаст Амирқул Азимов – дабири Шӯрои Амнияти кишвар сарварӣ мекунад. Дар марзи миёни ду кишвар, ки минагузорӣ ҳам шудааст, даҳҳо манотиқи баҳсбарангезе вуҷуд доранд, ки ду тараф солҳо боз сари онҳо баҳс мекунанд. Абдулло Юлдошев – муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, ду тараф тавофуқ кардаанд, то равуои мардум миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон бештар шавад, зеро ин кор муносиботи ду кишварро беҳтар хоҳад кард. Равобити ин ду кишвари ҳамсоя назар ба солҳои гузашта дар ин авохир тиратар шудааст.
XS
SM
MD
LG