Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исландия дар роҳ ба сӯи Иттиҳодияи Аврупо


Исландия барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо дархости расмӣ кард. Оссур Скарпедисон вазири умури хориҷаи Исландия аризаи кишварашро имрӯз дар маросиме дар шаҳри Стокҳолм ба Карл Билд - вазири умури хориҷаи Шветсия, раҳбари феълии Иттиҳодияи Аврупо, супурд. Ҳафтаи гузашта порлумони Исландия ба ҷонибдории пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи Аврупо раъй дод. Исландия баъди гирифтори бӯҳрони иқтисодӣ шудан, аз домани Иттиҳодияи Аврупо гирифт. Дар сурати пазируфтанаш, Исландия танҳо соли 2013 узви Иттиҳодияи Аврупо хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG