Пайвандҳои дастрасӣ

Даргирии нерӯҳои Афғонистон бо афроди Тоҳир Юлдош


Нерӯҳои Афғонистон дар ҷанги зидди ситезаҷӯён дар Чордараи Кундуз, 23-юми июли соли 2009.

Нерӯҳои Афғонистон дар ҷанги зидди ситезаҷӯён дар Чордараи Кундуз, 23-юми июли соли 2009.

Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, дар задухӯрдҳои вилояти Кундуз ба камияш 13 ситезаҷӯи ҲИУ кушта шудаанд.

Зоҳир Азимӣ, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон, зимни як нишасти матбуотӣ дар Кобул гуфт, артиши Афғонистон, якҷо бо нерӯҳои байнулмилалӣ барои таъмини суботу амният дар ин минтақа амалиёти вижаеро таҳти унвони «Уқоб» рӯи даст гирифтаанд.
Зери фишоре, ки тавассути нерӯҳои Покистон болои вилояти Вазиристони ҷанубӣ ба амал омадааст, як теъдод даҳшатафканони хориҷӣ, мушаххасан пайравони Тоҳири Юлдош ба самти шимол интиқол ёфтаанд...

Вай афзуд, амалиёт дар минтақаи Қундуз ҷараён дорад ва дар даргириҳои ахир бо ҷангиёни Тоҳир Юлдош, раҳбари Ҳаракати Исломии Узбакистон, дастикам 13 ҷангчӯ ба қатл расидаанд.

Сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон гуфт, "зери фишоре, ки тавассути нерӯҳои Покистон болои вилояти Вазиристони ҷанубӣ ба амал омадааст, як теъдод даҳшатафканони хориҷӣ, мушаххасан пайравони Тоҳири Юлдош ба самти шимол интиқол ёфтаанд. Артиши Афғонистон дар чаҳорчӯби амалиёти "Уқоб" саъй мекунад, назму суботи манотиқи шимолии Афғонистонро ҳифз кунад."

Генерал Эрик, сухангӯи нирӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон, ки дар нишасти матбуотӣ ҳузур дошт, гуфт, сарбозони афғон ва нерӯҳои эътилоф талош доранд, ҷангиёни Тоҳир Юлдошро аз аҳолии мулкӣ ҷудо ва дуртар аз маҳалли сукунати мардуми мулкӣ саркӯб кунанд .

Гузоришҳои расида аз Тоҷикистон низ ба убури ҷангиёни мусаллаҳ аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон ишора мекунанд.

Ҳафтаи гузашта ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистон се узви Ҳаракати исломии Узбакистонро дар минтақаи Дарвози Тоҷикистон боздошт намуданд, ки яке сокини Исфара дуюми аз ноҳияи Тоҷикобод ва сеюми шаҳрванди Афғонистон будааст.

Ин афрод дар ҷараёни бозпурсӣ қоил шудаанд, ки бо амри Тоҳир Юлдош ва ба хотири роҳандозии ҳамлаҳои террористӣ вориди Тоҷикистон шудаанд.

Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон роҷеъ ба таҳаввулоти Тавилдара камтарин маълумотро дар ихтиёри матбуот гузоштаанд, боз ҳам иттилои вуруди афроди мусаллаҳ аз Афғонистон ба Тавилдара ду моҳ боз вирди забонҳо шудааст.

Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи чоршанбе зимни сӯҳбат бо хабарнигорон таъкид кард, ки амалиёти зидди даҳшатафканхо дар Покистону Афғонистон онҳоро ба убури қаламрави Тоҷикистон моил мекунад.

Генерал Қаҳҳоров хамчунин гуфт, ки дар ҷараёни амалиёти низомии нерӯҳо Тоҷикистон дар ноҳияи Тавилдара дастикам 9 ҷангҷӯй ба қатл расидаст. Вазир корҳои дохлии Тоҷикистон вазъи амниятӣ дар минтақаро ором арзёбӣ кард.

Зимнан, чанд рӯз пеш раҳбари Ҳаракати Исломии Узбакистон Тоҳири Юлдош дар як паёми садои ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ таъкид кард, ки ин Ҳаракати Исломии Узбакистон ва пайравони он ҳадаф доранд, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ баргарданд.Вале вай инро зоҳиран як раванди тӯлонӣ унвон кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG