Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози номзадҳои мухолифин дар интихобот


Женишбек Назаралиев ва Алмосбек Атамбоев, номзадҳои мухолифин дар интихоботи президентии Қирғизистон

Женишбек Назаралиев ва Алмосбек Атамбоев, номзадҳои мухолифин дар интихоботи президентии Қирғизистон

Алмосбек Атамбоев ва Женишбек Назаралиев, номзадҳои мухолифин дар интихоботи президентии Қирғизистон, аз ширкат дар интихобот даст кашиданд.

Дамир Лисовский, раиси комиссияи марказии интихоботӣ, соати 15-00 ба вақти Бишкек эълон кард, ки дастикам 62 дарсади раъйдиҳандагон ба ҳавзаҳои интихоботии кишвараш ҳозир шуданд ва ӯ интихоботи президентиро баргузоршуда мехонад.

Вале номзадҳои аҳзоби мухолиф Алмосбек Атамбоев ва Женишбек Назаралиев дар муқобили ин эълони раиси комиссияи марказии интихоботӣ гуфтанд, ки интихоботи президентӣ ғайриқонунӣ сурат мегирад ва натиҷаҳои он ғайри қобили эътироф хоҳад буд.

Ба таъкиди оқои Атамбоев, вай ба далели ин қонуншиканиҳо тасмим гирифт, ки аз ширкат дар интихоботи президентӣ даст кашад.

Ин дар ҳолест, ки Дамир Лисовский гуфт, мувофиқи низоми кодекс дар бораи интихобот ва баргузории референдумҳои Қирғизистон, номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ фақат се рӯз то баргузории маъракаи раъйдиҳӣ ҳақ дорад, ки аз идомаи муборизаро мутаваққиф созад.

Ба гуфтаи Дамир Лисовский, тарафдорони боқимондаи Алмосбек Атамбоев метавонанд ба ҳавзаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд ва ба тарафдории вай овоз диҳанд. Гуфта шуд, ки дар ҷараёни раъйдиҳӣ пас гирифтани номзад комилан мамнӯъ аст.

Алмосбек Атамбоев, ки рақиби аслии Қурмонбек Боҷиев дар интихоботи президентӣ маҳсуб мешуд, қаблан ҳушдор дода буд, ки дар сурати тақаллубкорӣ ҷонибдоронаш тазоҳуроти эътирозӣ барпо хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG