Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши номзадҳо дар интихоботи Қирғизистон


Номзади аслии мухолифон ба мақоми раёсати ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз рақобати интихоботӣ даст кашидааст, зеро ба гуфтаи вай, дар интихобот тақаллубкории бисёре сурат гирифтааст. Алмосбек Отамбоев хост, то интихоботро ғайриқонунӣ эълом карда ва раъйдиҳи нав баргузор кунанд. Нахуствазири собиқи Қирғизистон ва раиси Ҳизби Сотсиалист, рақиби аслии Қурмонбек Боқиев – раиси ҷумҳури феълӣ маҳсуб мешуд. Қурмонбек Боқиевро, ки соли 2005 дар интихоботи ба гуфтаи нозирони ғарбӣ шафофу одилона пирӯз шуд, ҳоло ба саркӯбии мухолифонаш муттаҳам мекунанд. Яке дигар аз рақибони интихоботии ӯ, Ҷанишбек Назаралиев низ номзадиашро пас гирифтааст.

XS
SM
MD
LG