Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори Байден бо Михеил Саакашвилӣ


Дар охирин рӯзи сафараш ба Гурҷистон, Ҷо Байден – ноиби раиси ҷумҳури Амрико, бо Михеил Саакашвилӣ- раиси ҷумҳури Гурҷистон, мулоқот кард. Доир ба мавзӯъҳои мушаххаси гуфтугӯи ду тараф иттилоъе нашр нашудааст, вале мақомоти Гурҷистон гуфта буданд, ки ин кишвар аз Амрико кӯмак низомӣ тақозо хоҳад кард. Ва ҳамчунин Гурҷистон хоҳад хост, то нозирони амрикоӣ оташбас дар имтидоди марзҳои ин кишвар бо ду минтақаи ҷудоихоҳашро назорат кунанд, ки моҳи августи соли гузашта бар сари онҳо Гурҷистон бо Русия ҷангид. Интизор меравад, Ҷо Байден ҳамчунин бо намояндагони нерӯҳои мухолифи Гурҷистон дидору гуфтӯгу кунад. Ноиби раиси ҷумҳури Амрико пас аз сафараш ба Украина дар рӯзи чаҳоршанбе вориди Тифлис шуд.
XS
SM
MD
LG