Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори номзади мухолифин аз тақаллубкориҳо


Алмосбек Атамбоев, номзади Ҷунбиши иттиҳоди мардумӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурии Қирғизистон

Алмосбек Атамбоев, номзади Ҷунбиши иттиҳоди мардумӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурии Қирғизистон

Алмосбек Атамбоев, номзади мухолифин ба мақоми раёсати ҷумҳурии Қирғизистон, гуфт, дар сурати тақаллубкорӣ ҷонибдоронаш тазоҳуроти эътирозӣ барпо хоҳанд кард.

Ба гуфтаи оқои Атамбоев, интихоботи президентӣ бо қонуншиканиҳои ҷиддӣ сурат мегирад, ки ба ақидаи ӯ, оқибатҳои ногуворро дар пай хоҳад дошт.

Хабаргузории маҳаллии 24.kg ба нақл аз қавли Алмосбек Атамбоев иттилоъ додааст, ки дар вилояти Ӯш ҷонибдорони ӯ протоколи ҳавзаи интихоботиеро ба даст овардааст, ки дирӯз пур шудааст ва тибқи ин протокол раъйдиҳандагон ҳама ба тарафдории Боқиев овоз додаанд.

Вай перомуни он, ки оё тарафдорони Ҳизби сосиал-демократ даст ба аксуламалҳои сиёсӣ хоҳанд зад ё на, гуфтааст, ки ситоди ӯ тамоми чораҳоро дар мавриди ҷилавгирӣ аз ин аксуламалҳо пиёда хоҳад кард, вале афзудааст ӯ, гуфта наметавонад, ки тарафдоронаш аз баргузории ин аксуламалҳо парҳез хоҳанд кард.

Мақомоти ноҳияи Якуми маи шаҳри Бишкек баргузории консерти дастаҷамъиеро, ки Атамбоев шоми имрӯз ваъда карда буд, мамнӯъ эблон карданд.

Номзади дигар ба мақоми президентӣ Нурлан Мотуев ба ҳавзаи интихоботие ҳозир шуд, ки номи ӯ дар он ҷо сабт нашудааст. Ва ӯро ба ҳавзаи дигари интихоботӣ раҳнамоӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол комиссияи марказии интихобот ва референдумҳои Қирғизистон эълон кард, ки то нимаи рӯз тақрибан 50 дарсади раъйдиҳандагон ба ҳавзаҳои интихоботӣ ҳозир шуданд.
XS
SM
MD
LG