Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иддаъои Толибон доир ба як фармондеҳашон


Як сухангӯи Толибон хабарҳо доир ба маҷрӯҳ шудани Мавлоно Фазлуллоҳ фармондеҳи ин гурӯҳ дар вилояти шимолуғарбии Своти Покистонро, рад кард. Артиши Покистон пештар гуфта буд, ки дар ҷараёни амалиёти васеъмиқёс ба зидди Толибон дар ин водӣ ва атрофи он Мавлоно Фазлуллоҳ маҷрӯҳ шудааст. Аммо Муслимхон – як сухангӯи Толибон гуфт, тамоми раҳбарони Толибон зиндаву солиманд. Артиши Покистон ҳамчунин мегӯяд, дар ҷараёни амалиёти думоҳа дар дараи Свот тақрибан 1800 ҷангҷӯи Толибро куштааст. Аммо тахшиси дурустии ҳам иддаъои артиш ва Толибон номумкин аст. Барои сари Мавлоно Фазлуллоҳ, ки маъракаи думоҳа барои пазируфтани қонунҳои шариъат дар дараи Свотдро раҳбарӣ мекард, 615 ҳазор доллар ҷоиза ваъда кардаанд.
XS
SM
MD
LG