Пайвандҳои дастрасӣ

Омори нахустин аз интихоботи Қирғизистон


Мақомоти интихоботии Қирғизистон гуфтанд, то соати яки вақти маҳаллӣ 46 дар сади мардум дар интихоботи раёсати ҷумҳур ширкат варзидаанд. Танҳо дар сурати ҳузури на камтар 50 дар сади раъйдиҳандагон дар интихобот, ки соати ҳашти вақти маҳаллӣ хотима меёбад, интихобот солим ва қонунӣ маҳсуб мешавад. Интизор меравад, Қурмонбек Боқиев – раиси ҷумҳури Қирғизистон дар ин корзори сиёсӣ ба панҷ рақиби дигараш пирӯз шуда ва барои панҷ соли дигар раиси ҷумҳур бимонад. Дар остонаи интихобот ва нооромиҳои ахир дар кишварҳои минтақа, Қирғизистон тадобири амниятиро дар кишвар тақвият додааст.
XS
SM
MD
LG