Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бар асоси қуръакашӣ, ки 22-юми июл дар пойтахти Малайзиё – шаҳри Куала-Лумпур доир шуд, дар даври ниманиҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё бо тими ВАПДА-и Покистон бозӣ хоҳад кард.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаҳои «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон ва «Ишқобод»-и Туркманистон қувваозмоӣ мекунанд.

Сабқати ниҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё-2009 барои аввалин бор дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Бозиҳои ниманиҳоӣ 25-уми сентябр ва бозии ниҳоӣ 27-уми сентябр дар варзишгоҳи «Металлург» барпо мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки мусобиқот барои дарёфти Ҷоми раиси AFC аз соли 2005 барои панҷумин бор баргузор хоҳад шуд. Дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Дордой-Динамо» дуборӣ барандаи ин Ҷом гардидаанд.

Дар мусобиқаи соли гузашта дар шаҳри Бишкек «Регар» ТадАЗ дар бозии ниҳоӣ бар тими мизбон – «Дордой-Динамо» аз рӯи силсилаи пенолти ғолиб шуда буд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG