Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зукоми хук ба Осиёи Марказӣ ҳам расид


Мақомоти Қазоқистон се мавриди гирифтории кӯдакон ба бемории зукоми хук дар ин кишварро таъйид карданд, ки то ҳол дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мушоҳида нашуда буд. Хабаргузории “Интерфакс” мегӯяд, ин се тифл бо як гурӯҳи кӯдакон аз Бритониё баргаштаанд, ки мавориди зиёди гирифторӣ ба зукоми хук дар он кишвар мушоҳида шудааст. Бемории зукоми хук то ҳол, дар саросари ҷаҳон 700 нафарро куштааст ва ҳукумату олимон дар ҷаҳон талошҳои худро барои офаридани ваксина ба зидди ин бемории хатарнок афзоиш додаанд.
XS
SM
MD
LG