Пайвандҳои дастрасӣ

Байден бо мухолифини гурҷӣ низ мулоқот кардааст


Ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден дар поёни боздидаш аз Гурҷистон бо намояндагони мухолифини он кишвар низ мулоқот кард. Байден рӯзи чоршанбе дар пайи дидори Украина, вориди Тифлис шуд. Байден дар Тифлис гуфт, ки Амрико пуштибониаш аз Гурҷистонро идома хоҳад дод. Раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ ба навбаи худ аз Вошингтон барои пуштибониҳояш изҳори ташаккур кард ва гуфт, Гурҷистон “ҳеҷ гоҳ ба Русия таслим нахоҳад шуд.” Ҷо Байден қаблан дар Киев изҳор дошт, ки талошҳои Вошингтон барои беҳбуди равобит бо Русия ба зиёни муносиботи Амрико бо Украина анҷом нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG