Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи қатли Политковская аз сар гирифта мешавад


Мурофиаи навбатии парвандаи қатли хабарнигори маъруфи рус Анна Политковская моҳи оянда доир хоҳад шуд. Анна Ставитская, вакили мудофеъи хонаводаи Политковская, гуфт, ки муҳокимаи муқаддамотии парванда ба рӯзи 5 август таъйин шудааст. Анна Политковская, мунаққиди Кремл, ки бештар дар бораи мавориди поймол шудани ҳуқуқи инсон дар Чеченистони ҷангзада мақола менавишт, моҳи октябри соли 2006 дар натиҷаи як сӯъиқасд дар назди манзилаш дар шаҳри Маскав кушта шуд.
Додгоҳ дар моҳи феврал 4 нафари муттаҳам ба даст доштан дар ин ҷиноятро сафед кард, вале Додгоҳи олии Русия бо лағви ин ҳукм хостори муҳокимаи дигарбораи парванда шуд.
XS
SM
MD
LG