Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати шахсиятҳои ҷаҳонӣ аз Маскав


Беш аз 100 шахсияти шинохтаи ҷаҳонӣ ва рӯшанфикрон, бо шумули як гурӯҳи барандагони ҷоизаи Нобел, аз Русия даъват карданд, қотилони ҳомии ҳуқуқи башар Наталя Эстемироваро пайдо кунад. Эстемирова, ки барои “Мемориал”, як созмони маъруфи дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Русия, кор мекард, рӯзи 15 июл дар Грозний, пойтахти Чеченистон, рабуда шуд ва ҷасади аз сина ва аз сар тирхӯрда ва беҷони ӯро баъди чанд соат аз ҷумҳурии ҳамҷавори Ингушистон пайдо карданд.
Дар номае, ки рӯзномаи бритониёии “Гардиан” нашр кард, шахсиятҳои маъруфе, чун барандаҳои ҷоизаи Нобел Ширин Ибодӣ ва Десмонд Туту, ҳамсари дигарандеши шинохтаи замони шӯравӣ академик Андрей Сахаров – Елена Боннер ва раисиҷумҳури собиқи Чехия Васлав Ҳавел навиштаанд, Эстемирова ба далели “ифшои ҳақиқат” дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Чеченистон кушта шуд.
XS
SM
MD
LG