Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як шаҳрванди тоҷик дар Дубай ба додгоҳ меравад


Хабаргузориҳои русӣ аз қавли мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб навиштанд, ки ду нафар бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар қатли фармондеҳи собиқи баталёни “Восток” дар Чеченистон, Қаҳрамони Русия Сулим Ямадаев ба додгоҳ эҳзор хоҳанд шуд. Яке аз муттаҳамон шаҳрванди Эрон Маҳдӣ Лорниё ва дуввумӣ - шаҳрванди тоҷики муқими Дубай Мақсудҷон Исматов будааст. Лорниё, ба гуфтаи пулиси Дубай, аспбони саисхонаи раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров аст, вале Қодиров даст доштанаш дар қатли рақиби худро радд мекунад.
Пулиси Дубай бародарзодаи Қодиров ва вакили Думаи давлатии Русия Адам Делимхоновро низ ба ҳамдастӣ дар қатли Ямадаев муттаҳам кардааст.
Таърихи оғози ин мурофиа ҳанӯз эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG