Пайвандҳои дастрасӣ

Гумонбар дар ташкили қатли Гонгадзе дастгир шуд


Мақомоти Украина мегӯянд, як генерали собиқи пулисро бо иттиҳоми ташкили қатли журналисти маъруф Георгий Гонгадзе боздошт кардаанд. Олексий Пукач, раҳбари собиқи яке аз раёсатҳои вазорати умури дохилаи Украина, шоми сешанбе дар Житомир дастгир шудааст. Гонгадзе, аз мунаққидони раисиҷумҳури вақти Украина Леонид Кучма, дар моҳи сентябри соли 2000 ғайб зад ва ҷасади сарбуридаи ӯро ду моҳ баъд аз ҷангале дар ҳошияи пойтахт, шаҳри Киев, пайдо карданд.
Соли гузашта дар иртикоби парвандаи қатли Гонгадзе 3 афсари собиқи пулис ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.
XS
SM
MD
LG