Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Обама бо Моликӣ дар Кохи Сафед


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар пайи мулоқоташ бо сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ дар Вошингтон гуфт, бо вуҷуди идомаи хушунатҳо дар Ироқ, Амрико аз ҷадвали замонии хуруҷи нирӯҳояш аз Ироқ ақиб нахоҳад нишаст. Обама гуфт, нирӯҳои ҷангии Амрико то моҳи августи соли оянда ва боқии нирӯҳо то поёни соли 2011 Ироқро тарк хоҳанд гуфт.
Тайи 6 соли ҷанги Ироқ дар он кишвари ҷангзада беш аз 4300 сарбози амрикоӣ кушта шуданд. Феълан шумори нирӯҳои Амрико дар Ироқ беш аз 130 000 нафарро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG