Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден вориди Тифлис шуд


Ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден дар пайи дидор аз Украина, вориди Тифлис, пойтахти Гурҷистон, шуд. Байден дар Тифлис гуфт, ки Амрико пуштибониаш аз Гурҷистонро идома хоҳад дод. Раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ ба навбаи худ аз Вошингтон барои пуштибониҳояш изҳори ташаккур кард ва гуфт, Гурҷистон “ҳеҷ гоҳ ба Русия таслим нахоҳад шуд.” Ҷо Байден қаблан дар Киев изҳор дошт, ки талошҳои маъмурияти президенти Амрико Барак Обама ба хотири беҳбуди равобит бо Русия ба зиёни муносиботи Амрико бо Украина анҷом нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG