Пайвандҳои дастрасӣ

Ифшои номи тарроҳони қатли Гонгадзе


Журналист Георгий Гонгадзе

Журналист Георгий Гонгадзе

Алексей Пукач, гумонбари аслӣ дар куштори Гонгадзе дар соли 2000-ум, номи онҳоеро ошкор кард, ба қатли журналист амр додаанд.

Муовини раиси Хадамоти амниятии Украина Василий Гритсак дар як нишасти хабарӣ дар Киев гуфт, ки дар ҷараёни пурсуҷӯ Пукач даст доштанаш дар ин кушторро ҳам иқрор кардааст.

Генерал-лейтенант Алексей Пукач, собиқ раҳбари яке аз раёсатҳои вазорати умури дохилаи Украинаро, шоми сешанбе дар вилояти Житомир боздошт карданд. Афсари воломақоми милиса соли 2003 ғайб зад ва баъд аз ду сол дар ғайбаш ӯро дар куштори Гонгадзе айбдор карданд.

Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, Алексей Пукач таъқиби хабарнигорро ташкил кард ва ба гурӯҳи афсарони милисае раҳбарӣ намуд, ки Гонгадзеро рабуданд.

Соли гузашта додгоҳ се шарики ӯро ба мӯҳлатҳои тулонӣ равонаи зиндон карда буд.

Ҳарчанд дар робита ба куштори хабарнигор Георгий Гонгадзе, яке аз мунаққидони сарсахти ҳукумати Украина, дар соли 2000 додгоҳ се нафарро ба мӯҳлатҳои тулонӣ равонаи зиндон кардааст, то ҳанӯз суолҳое оид ба ин қазия беҷавоб мондаанд. Дар маҳофили сиёсии Украина, аз ҷумла, ба суолҳое посух меҷӯянд, ки куштори хабарнигор бо амри кӣ сурат гирифт ва қотили аслии ӯ куҷост?

Ҷасади бесар ва қисман сӯхтаи Георгий Гонгадзе ду моҳ баъд аз ғайб заданаш дар ҷангалзор ошкор гардид. Ин куштори ваҳшиёна курсии раисиҷумҳур Леонид Кучмаро ларзонд ва обрӯи мақомоти амниятии Укроинро пойин бурд. Киев ҳадафи танқиди шадиди Иттиҳоди Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо қарор гирифт.

Ва аммо акнун расонаҳои Украина менависанд, ки ҳадди аққал ба яке аз чанд суоли боқимонда посух пайдо шуд - қотили аслии хабарнигор Георгий Гонгадзеро шоми сешанбе дар вилояти Житомир боздошт карданд. Шахси боздоштшуда Олексей Пукач даҳ сол қабл яке аз курсиҳои калидии вазорати умури дохилаи Украинаро ишғол мекард ва рутбаи генерал-лейтенантро дошт.

Генерал-лейтенант Олексей Пукач замони ба таври асроромез ғайб задани Гонгадзе яке аз раёсатҳои вазорати умури дохилаи Украинаро сарварӣ мекард. Ба иттилоъи Додситонии кулли Украина, Пукач дар ҷараёни амалиёти муштарак бо хадамоти амниятии кишвар боздошт шудааст.

Ин генерали волмақом бори аввал соли 2003 бо гумони аз байн бурдани асноди марбут ба куштори Гонгадзе боздошт шуда буд. Ва аммо ӯ бо ҳукми додгоҳи таҷдид назар озод шуд ва ҳамзамон амр гирифт, ки Киевро тарк накунад. Вале ӯ баъд аз ҳукми додгоҳ ба зудӣ ғайб зад ва то рӯзҳои ахир дар куҷо ба сар бурданаш рушан набуд. Се корманди полис, ки ҳамроҳ бо генерал Пукач дар рабудан ва куштори хабарнигор даст доштанд, ба мӯҳлатҳои тулонӣ равонаи зиндон шуданд.

Гуфта мешавад, ки бо боздошти генерал Пукач суол дар бораи қотили аслии хабарнигори 31-сола посух пайдо кардааст. Ва аммо суоли асосии дигар – амри куштори Гонгадзе аз сӯи кӣ содир шудааст, то ҳанӯз беҷавоб аст. Микола Мелниченко, муҳофизи собиқи раисиҷумҳур Кучма соли 2000 сабтеро пахш кард, ки тибқи он метавон ҳадс зад рабудан ва куштори Гонгадзе бо фармони сарвари давлат сурат гирифтааст.

Кучма ҳам иқрор кард, ки яке аз садоҳо дар сабт ба ӯ тааллуқ дорад ва аммо даст доштанаш дар кушторро қатъӣ рад намуд. Садои дуввум ба вазири вақти умури дохила Юрий Кравченко тааллуқ дошт, ки баъдан ҷасади ӯ дар манзилаш ошкор шуд. Мақомот гуфтанд, ки вазир худкушӣ кардааст.

Куштори Гергий Гонгадзе обрӯи раисиҷумҳур Кучмаро комилан пойин бурд ва ҳазорҳои нафарро дар намоишҳои эътирозӣ алайҳи ӯ дар хиёбонҳо гирдиҳам овард. Ин намоишҳо соли 2004 бо инқилоби норанҷӣ дар Украина поин ёфтанд.

Хонуми Гонгадзе Мирослава ва фарзандони хабарнигор хостори паноҳандагии сиёсӣ дар Иёлоти Муттаҳида шуданд ва айни ҳол он ҷо ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG