Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Амрико ба сарварони Украина


Нойиб-президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷо Байден аз сиёсатмадорони украин хост, пухтагии сиёсӣ нишон додаву арзандаи ормонҳои Инқилоби норанҷии соли 2004 бошанд.

Дар суханроние, ки Кохи Сафед онро "паём ба мардуми украин" унвон кардааст, Байден такрор кард, ки сиёсати Вашингтон ба азсаргирии муносибатҳояш бо Русия ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҳисоби муносибатҳо бо Украина пеш нахоҳад рафт.
Вай гуфт, ниҳоят вақти он расидааст, ки ваъдаҳои Инқилоби Норанҷӣ ба иҷро расанд. Вай аз мардум суол кард, ки сад сол баъд одамон ба ин давра нигариста, дар бораи раҳбарони худ чӣ хоҳанд гуфт?

Бо муроҷиат ба 400 нафар аз украинӣ ва амрикоиҳо дар Намоишгоҳи марказии Украина, нойиб-президенти Иёлоти Муттаҳида аз ҷомеаи сарзиндаи шаҳрвандӣ ва матбуоти озоди украин ситоиш кард, ки дастовардҳои Инқилоби Норанҷӣ мебошанд. Вай ҳамчунин саромадони сиёсии украинро накӯҳиш кард, ки ба гуфтаи вай, ҷоҳталабии худро аз манфиатҳои миллӣ болотар гузоштанд.

Барои баёни андешааш, Байден аз шоир ва мутафаккири машҳури садаи нуздаҳи украин, Тарас Шевченко ёдовар шуд, ки агар зинда мебуд, аз ҷомеаи боз ва озодандеши украин шод мегашт, аммо норасидагии сиёсии ҳукуматро зери танқид мегирифт.

"Ба фикрам, вай инчунин дар ҳайрат мемонд, ки чаро ҳукумат ба дараҷаи мардуми худ пухтагии сиёсӣ нишон намедиҳад, чаро робита миёни сарварон ба андозае шикастааст, ки ба пешрафт халал мерасонад. Махсусан ҳоло, ки як давраи сахти иқтисодист. Украина, ба назари хоксоронаи ман, ба як сабақи таърихӣ ниёз дорад. Танҳо ҳукумати коро ва масъул метавонад, фазои мӯътадил, пешгӯишаванда ва шаффоферо барои ҷалби сармояҳо, яъне муҳаррикони пешрафт, таъмин кунад."

Хабарнигори Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, Брайан Уитмор дар ин сафари Байден ба Украина ва Гурҷистон ӯро ҳамроҳӣ мекунад ва мегӯяд, ба мушоҳидаи ӯ ин паёми Байден ба украиниҳо писанд омад.

"Вай гуфт, ниҳоят вақти он расидааст, ки ваъдаҳои Инқилоби Норанҷӣ ба иҷро расанд. Вай аз мардум суол кард, ки сад сол баъд одамон ба ин давра нигариста, дар бораи раҳбарони худ чӣ хоҳанд гуфт? Хуллас, ин бисёр паёми сахте буд ва ба лаҳни фавқулода муассире расонда шуд. Ҳозирон бо диққат онро мешуниданд ва ба ҳамдигар нигариста, бо аломати тасдиқ сар меҷумбонданд. Ба фикрам, куллан вокуниши ҷомеаи украин ҳамин аст."

Дар ҷараёни сафараш ба Украина, Байден бо панҷ сиёсатмадоре, ки эҳтимол меравад, дар интихоботи президентии моҳи январи Украина ширкат хоҳанд кард, ҷудогона мулоқот дошт. Инҳо, президент Виктор Юшенко, сарвазир Юлия Тимошенко, раиси порлумон Володимир Литвин, раҳбари ҳизби "Минтақаҳо" Виктор Янукович ва Арсений Ятсенчук, собиқ вазир ва узви порлумон, ки ба мухолифи давлат табдил ёфтааст.

Байден ҳамчунин таъкид кард, ки истиқлолият ва озодии иқтисодии Украина ба тавони он дар истифодаи оқилонаи энержист. Вай гуфт, самаранокии истифода аз энержӣ дар Украина назар ба Иттиҳоди Аврупо ду баробар камтар аст.

Агар, ба гуфтаи ӯ, Украина тавонад, самарбахшии истифода аз энержиро ба сатҳи Лаҳистон ё Полша расонад, судури энержӣ ба Украина ба таври чашмгир коҳиш хоҳад ёфт. Ин ба рушди иқтисодӣ ва таҳкими амнияти миллии Украина кӯмаки бузург хоҳад кард.

Пас аз чунин паёмҳо Байден Украинаро ба қасди Гурҷистон тарк кард ва интизор меравад, ки паёми ӯ ба сарони ин кишвар низ лаҳни шадиде дорад.
XS
SM
MD
LG