Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷозеф Байден вориди Тифлис шуд


Ҷозеф Байден, нойиби раисиҷумҳури ИМА, бо сафари дурӯза вориди Гурҷистон шуд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ӯ дар садри ҳайати Амрико ба қароргоҳи раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ раҳсипор шуд, ки ин ҷо музокироташ бо сарвари ин кишвар баргузор мешавад. Фардо, рӯзи панҷшанбе, Ҷозеф Байден дар парлумони Гурҷистон суханронӣ ва баъдан бо намояндагони мухолифини гурҷӣ мулоқот мекунад.
Ҳадаф аз сафари Байден –мутмаин сохтани Киев ва Тифлис ба он аст, ки беҳбуди равобити Вошингтон бо Маскав ба манфиатҳои Украина ва Гурҷистон латма нахоҳад зад. Русия ба вуруди ин ду кишвари собиқ шӯравӣ ба НАТО қатъан мухолиф аст.
XS
SM
MD
LG