Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ шикояти ҲНИТ-ро дубора рад кард


ҲНИТ мехоҳад Муҳаммадалии Ҳаитро ҷойгузини собиқ намояндаи ин ҳизб дар порлумон кунад
ҲНИТ мехоҳад Муҳаммадалии Ҳаитро ҷойгузини собиқ намояндаи ин ҳизб дар порлумон кунад

Ҳайати мушовараи Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти Ҳизби наҳзати исломӣ дар бораи ҳукми Додгоҳи олиро беасос хонд.

Ва ҳукми Додгоҳи олӣ дар бораи он, ки ин ҳизб ҳақ надорад намояндаи худ дар порлумонро ҷойгузини дигар намоянда кунад, бетағйир боқӣ монд.

Аммо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ин қарори ҳайати мушовараи Додгоҳи олӣ розӣ нест. Ҳикматулло Сайфуллозода, намояндаи ин ҳизб, ки дар нишасти додгоҳӣ ширкат дошт, дар ин бора гуфт, «ҳукми раиси ҳайати мушовараи Додгоҳи олӣ бар асоси меъёрҳои қонун сурат нагирифт ва аз рӯи адолат набуд. Ҳизби наҳзати исломӣ ба зинаҳои болотари Додгоҳи олӣ ва дигар мақомоти додгоҳӣ шикоят хоҳад бурд».

Ба гуфтаи намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бар асоси қонун, дар сурати қатъ шудани ваколати номзади ҳизб дар порлумон бар асари беморӣ ва ё фавт номзади дигари ҳизб бидуни баргузории интихоботи давраӣ ҳақ дорад ҷойгузини ӯ шавад.

Аммо Хуршед Ҳамидов, намояндаи Додситони кулли кишвар, бар асоси банди дигари қонун ва тавзеҳи кумитаи қонунгузории порлумон гуфт, ки ҳукми Додгоҳи олӣ ба талаботи қонун ҷавобгӯ аст ва то интихоботи оянда Ҳизби наҳзати исломӣ ҳақ надорад, намояндаи дигари худро ҷойгузини номзади қаблӣ кунад.

Ахиран Муҳаммадшариф Ҳимматхзода, намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар порлумони кишвар, ки бистарӣ буд, довталабона аз ваколати худ даст кашид. Ва комиссиюни марказии интихоботӣ барои шомил шудани намояндаи дигари Ҳизби наҳзат ба порлумон мухолифат кард.

Ин кашмакашҳои лафзӣ миёни комиссиюни марказии интихоботӣ ва Ҳизби наҳзати исломӣ дар Додгоҳи олӣ баррасӣ шуд, ки дар натиҷаи он додгоҳ иддаои комиссиюни марказии интихоботиро пазируфт.
XS
SM
MD
LG