Пайвандҳои дастрасӣ

Санади дӯстии ИМА ва Осиёи ҷанубу шарқӣ имзо шуд


Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии Амрико имрӯз дар Тайланд зери созиш дар бораи дӯстиву ҳамкорӣ миёни Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Осиёи ҷанубу шарқӣ имзо гузошт. Ин санад дар арафаи ифтитоҳи форуми минтақаи амниятӣ имзо шуд, ки дар он вазирони умури хориҷаи АСЕАН – Анҷумани кишварҳои Осиёи ҷанубу шарқӣ ширкат мекунанд.
Аз ин пеш хонум Клинтон ба Эрон ҳушдор дода буд, ки агар аз барномаи ҳастаии худ даст набардорад, ИМА дар навсозии системи дифоъии кишварҳои ҳампаймонашон дар минтақа саҳм хоҳад гирифт. Ҳамзамон ӯ таъкид кард, ки Вошингтон ҳамоно хостори музокирот бо Теҳрон аст. Котиби давлатии Амрико ҳамчунин аз имкони аз сӯи Кореяи Шимолӣ дар ихтиёри Мянмар вогузоштани технологияи ҳастаӣ изҳори нигаронӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG