Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пукач номи тарҳрезони куштори Гонгадзеро ошкор кард


Алексей Пукач, гумонбари аслӣ дар куштори Георгий Гонгадзе дар соли 2000-ум, номи онҳоеро ошкор кард, ки амри нобудсозии хабарнигорро содир кардаанд. Муовини раиси Хадамоти амниятии Украина Василий Гритсак дар як нишасти хабарӣ дар Киев гуфт, ки дар ҷараёни пурсуҷӯ Пукач даст доштанаш дар ин кушторро ҳам иқрор кардааст.
Генерал-лейтенант Алексей Пукач, собиқ раҳбари яке аз раёсатҳои вазорати умури дохилаи Украинаро, шоми сешанбе дар вилояти Житомир боздошт карданд. Афсари воломақоми милиса соли 2003 ғайб зад ва баъд аз ду сол дар ғайбаш ӯро дар куштори Гонгадзе айбдор карданд. Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, Алексей Пукач таъқиби хабарнигорро ташкил кард ва ба гурӯҳи афсарони милисае раҳбарӣ намуд, ки Гонгадзеро рабуданд. Соли гузашта додгоҳ се шарики ӯро ба мӯҳлатҳои тулонӣ равонаи зиндон карда буд.
XS
SM
MD
LG