Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 30 ҷангҷӯи толиб дар як амалиёт дар Свот


Бар асари амалиёти нави артиши Покистон дар водии Свот беш аз 30 тан аз ҷангюӯёни мухолифи ҳукумат кушта шудаанд. Ба иттилоъи вазорати дифоъи кишвар, дар ин амалиёт аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ истифода шудааст. Дар маҷмӯъ, ба иттилоъи мақомоти Покистон, дар чанд моҳи набардҳо бо “Толибон” дар водии Свот беш аз 1800 мусаллаҳи мухолифи ҳукумат ва 166 низомиву кормандони хадамоти амниятӣ ба ҳалокат расидаанд. Ва аммо ин иттилоъ аз сӯи дигар манобеъ тайид нашудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG