Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи ҳамкориҳои энерҷии Туркманистон ва Руминия


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Траян Бэсеску, раҳбарони Туркманистон ва Руминия, имрӯз дар поёни музокироташон дар Ашқобод зери изҳороти муштараке имзо гузоштанд, ки он, ба гуфтаи Бэсеску, “роҳро барои ҳамкорӣ дар бахши энерҷӣ миёни ду кишвар ҳамвор мекунад". Баъд аз таркиш дар лулае, ки тавассути он гази Туркманистон ба Русия интиқол меёфт, Ашқобод роҳҳои нави фурӯши газ ба Эрону Чин ва дигар кишварҳоро ҷустуҷӯ мекунад. Дар ин таркиш, ки моҳи апрел ба вуқӯъ пайваст, мақомоти Туркманистон ширкати “Газпром”-и Русияро айбдор намуданд, ки яку якбора харидории гази Туркманистонро ба карат коҳиш дод.
XS
SM
MD
LG