Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронӣ аз эҳтимоли вуруди гурӯҳҳои тундрав


Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон

Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон

Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилӣ, аз афзоиши вуруди намояндагони гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон изҳори ташвиш мекунад.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ субҳи имрӯз, 22-юми июл, гуфт, ахиран як гурӯҳи 4-нафарии собиқ шаҳрвандони Узбакистон ва аъзоёни гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон дар марзи Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Вай афзуд, бар асари шадид шудани контрол дар Афғонистон дар остонаи интихоботи президентии ин кишвар ва афзоиши фишор ба гурӯҳҳои террористӣ бархе аз намояндагони ин гурӯҳҳо, ки собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон мебошанд, рӯ ба Тоҷикистон меоранд.

Вазири корҳои дохилӣ аз имкони бештар шудани чунин талошҳо ҳушдор дод. Вай ба ин суол, ки назорати марзи кишвар бо Афғонистон дар чӣ ҳолат қарор дорад, гуфт, аз сабаби мушкил будани релйефи марзи тӯлонӣ бо Афғонистон феълан имкони назорати комили хатти сарҳади ҷануби кишвар вуҷуд надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG