Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти сарвари "Востокредмет" бо гумони ҷосусӣ


Собиқ раиси "Востокредмет" Шавкат Бобоҷонов бо иттиҳоми ҷосусӣ ба суди Ӯзбакистони ҳамсоя боздошт шудааст.

Ин иттилоъро як корманди додситонии вилояти Суғд, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, тасдиқ намуда гуфт, дар ҳоли ҳозир ин парвандаро бахши амнияти вилоятӣ таҳқиқ дорад.

Дар моҳи майи соли ҷорӣ се корманди ҳамин корхона - Матин Зиёев, раҳбари бахши хадамоти амнияти дохилии корхонаи «Востокредмет», Александр Ботов, сармуҳандис ва як корманди дигари баландмақоми ин корхона, бо ҷурми ҷосусӣ ба манфиати Ӯзбакистон боздошт шуда буданд. Ва он замон сарвари вақти ин корхона Шавкат Бобоҷонов худ аз боздошти кормандони «Востокредмет» иттилоъ дода буд.

Аммо ҳоло Шавкат Бобоҷонов худ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятии Ӯзбакистон ба курсии айбдорӣ кашида шудааст. Тилав Расулзода, коршиноси мустақил, дар шарҳи ҳодисаҳои боздошти кормандони корхонаи давлатии «Востокредмет» мегӯяд, аз он ки коркарду тавлиди маводи сторотежӣ дар ин корхона ба роҳ монда шудааст, он наметавонад бидуни асноди махфӣ бошад. Ба қавли оқои Расулзода, агар кӯшиши ҷосусӣ сурат гирифта бошад, ҷазои сангине дар пай хоҳад дошт.

Корхонаи "Востокредмет", ки дар замони Шӯравӣ аз корхонаҳои муҳими истеҳсоли уран дар минтақаи Осиёи Миёна маҳсуб мешуд, дар соли 1945 таъсис ёфтааст. Маҳсулоти ин корхона барои системи дифои Шӯравӣ истифода мешуд.

Ба далели аҳамияти муҳим доштани ин корхона дар замони Шӯравӣ он махфӣ буд ва пас аз фурӯпошии Шӯравӣ фаъолияти ин корхона мутаваққиф шуд. Бинобар аҳамияти стротежӣ доштанаш фаъолияти ин корхона аз тарафи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон таҳти назорат қарор дорад.
XS
SM
MD
LG