Пайвандҳои дастрасӣ

Лаҳни тунд ва ишораҳои хушбинонаи Бен Бернанке


Бен Бернанке дар Конгресс

Бен Бернанке дар Конгресс

Раиси Бонки марказии Амрико гуфт, мизони ҳамоно баланди бекорӣ метавонад дар роҳи эҳёи иқтисоди ин кишвар мавонеъ эҷод кунад.

Раиси Бонки марказии Амрико Бен Бернанке дирӯз дар кумитаи хадамоти молии Маҷлиси намояндагони Конгресс бо гузориши нимсолааш дар бораи вазъи иқтисоди бӯҳронзадаи он кишвар суханронӣ кард ва гуфт, аломатҳои ҳокии дубора зинда шудани иқтисоди Амрико мушоҳида мешаванд, вале мизони ҳамоно баланди бекорист, ки метавонад дар роҳи эҳёи иқтисод мавонеъ эҷод кунад.

Лаҳни раиси Бонки марказии Амрико Бен Бернанке дар мавриди арзёбиии вазъи иқтисоди ин кишвар хеле сахту тунд буд, вале Бернанке дар суханрониаш дар Конгресс роҷеъ ба берун рафтани Амрико аз чанголи бӯҳроне, ки аз замони ҷанги дуввуми ҷаҳон ба ин сӯ собиқа надоштааст, ишораҳои хушбинонае низ кард. Раиси Бонки марказии Амрико аз ҷумла гуфт: “Интизор меравад, ки соли 2010 иқтисоди кишвар қадам ба қадам беҳбуд ёбад ва соли 2011 ин раванд як каме суръат бигирад. Инчунин пешбинӣ мешавад, ки сатҳи бекорӣ то охири соли равон ба баландарин нишондодаш мерасад. Бо вуҷуди он ки солҳои 2010 ва 2011 коҳиши сатҳи бекорӣ дар назар гирифта шудааст, ин нишондиҳанда ҳамоно хеле баландтар аз нишондодҳои дарозмуддати аз ҷониби Шӯрои Бонки марказӣ муайяншуда боқӣ хоҳад монд. Ҳамаи аъзои ин Шӯро интизор доранд, ки сатҳи таваррум дар соли ҷорӣ аз солҳои гузашта каме пойинтар хоҳад буд ва эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки таваррум дар тӯли ду соли оянда паст хоҳад монд.”

Ҳангоми баромадан аз бӯҳрон таърихан бекорӣ ҳамчун “шохиси ақибмонӣ” арзёбӣ мешуд. Дар ҳоле ки дигар шохисҳои иқтисодӣ маъмулан азсаргирии рушди иқтисодиро нишон медиҳанд, сатҳи бекорӣ ҳамоно баланд мемонад, чунки соҳибони корхонаҳое ки ҷойҳои кориро кам мекунанд. то мутмаъин нашаванд, ки иқтисод ба худ омадааст, коргарони нав истихдом намекунанд.

Бернанке гуфт, ки бӯҳрони кунунӣ истисно нахоҳад буд. Феълан мизони бекорӣ ба баландтарин сатҳ дар 26 соли охир расида, 9,5 дарсадро ташкил медиҳад ва Бонки марказӣ мегӯяд, эҳтимол дорад, соли ҷорӣ сатҳи бекорӣ ба 10,1 фоиз расида, то соли 2011 дар сатҳи баланд боқӣ бимонад. Ҳамин тавр, бекорон то он замон хараҷоти зиёде нахоҳанд кард, ва аммо онҳое ҳам, ки ҷойи кор доранд, ба маҳзи шунидани хабарҳо дар бораи бекорӣ ба сарфи маблағҳояшон майл нахоҳанд кард.

Бернанке инчунин гуфт, ки Бонки марказӣ таваррумро бо диққат пайгирӣ хоҳад кард, ҳарчанд ба хотири таъмини пули кофии қарз ба бонкҳо аз рехтани пули изофӣ ба иқтисод низ сарфи назар нахоҳад шуд.Чунин кӯшишҳо, ки мунаққидон онро “чопи пул” мехонанд, метавонад ба тавваруми гурезон биоварад, аммо раиси Бонки марказӣ гуфт, ки дар сурати зарурат, ӯ ба қатъи ин таҷрибаҳо омода аст:
“Бисёр муҳим аст то ки мо омма ва бозорҳои саҳомро тазмин диҳем, ки дар ҳолати зарурӣ мо он чораҳои сиёсии бесобиқае, ки дар вокуниш ба бӯҳрони молӣ ва иқтисодӣ рӯи даст гирифтем, метавонем бисёр мулоим ва саривақт лағв кунем. Ҳамин тавр, мо имкон намедиҳем, ки сиёсати кӯмакҳои ташвиқкунанда дар оянда ба афзоиши тавварум биорад. Шӯрои Бонки марказӣ ба стратегияи лағви ин чораҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад ва мо мутмаинем ки дар фурсати муносиб барои хатми ин стратегия абзори заруриро дар даст дорем.”

Бен Бернанке бисёр бо эҳтиёт ишора кард, ки бо дарназардошти умқ ва вусъати бӯрони кунунӣ, эҳтимол дорад, барномаҳои ташвиқкунундаи Бонки марказӣ чанд замон бидуни тағйир боқӣ бимонанд.

Аммо Бернанке бо як навъ ифтихор аз ин барномаҳо гуфт, ки онҳо иқтисоди Амрикоро аз фурӯпошӣ наҷот доданд.

Конгрессмени демократ аз айолати Миссуррӣ Эммануэл Кливер гуфт, ки асоси беҳбуди иқтисод эътиқоди мардум аст ва набуди чунин эътиқод метавонад ба эҳёи иқтисод латма бизанад. Вай афзуд, чунин ба назар мерасад, ки амрикоиҳо тамоман намехоҳанд пулҳояшонро харҷ кунанд ва ҳарчанд сарфакорӣ кори хуб аст, тақрибан 70 дарсади иқтисоди кишвар аз масрафоти муштариён вобаста аст.

Кливер саволеро матраҳ намуд ки оё мешавад вазъро дар кишвар тавре тағйир дод, ки амрикоиҳо дубора ба харҷи пулҳояшон пардозанд? Бернанке баъд аз лаҳзаи сукут чунин посух дод, ки мардум ва муштариён ба аломатҳои заъифи беҳбудӣ вокуниш нишон медиҳанд ва болоравии бозорҳои саҳом аз ин шаҳодат медиҳад ва танҳо сатҳи баланди бекорист, ки ин манзараи ба назари Бернанке, ба сурати умум начандон бадро каме тиратар мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG