Пайвандҳои дастрасӣ

Моликӣ бо Обама мулоқот мекунад


Сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ имрӯз дар Вошингтон бо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама мулоқот мекунад. Ин сафар як рӯз баъд аз бомбгузориҳои хунине сурат гирифт, ки дар Ироқ дастикам 18 нафарро кушта ва даҳҳо тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. Бо ин ҳол, яке аз ҳадафҳои Моликӣ аз сафари Вошингтон ҷалби сармоягузорони амрикоӣ ба иқтисоди Ироқ ва ба ин сармоядорон талқин кардани фоидаҳои сармоягузорӣ дар Ироқи саршор аз манобеъи нафту газ аст.
Аммо бо вуҷуди нисбатан фурӯ нишастани мизони хушунатҳо дар Ироқ, сармоягузорони амрикоӣ то ҳол аз ояндаи оштии миллӣ дар Ироқ изҳори нигаронӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG