Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори маҳбусон дар Тоҷикистон ҳудуди 8000 будааст


Вазири адлияи Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров гуфт, феълан дар зиндонҳои ин кишвар ҳудуди 8 000 маҳбус адои ҳукм мекунанд. Вале ӯ афзуд, ки ин рақам то рӯзи 20 июн аст ва теъдоди маҳбусон ҳамарӯза тағйир мекунад.
Феълан маҳбусон дар Тоҷикистон дар 15 маҳбас ва 7 боздоштгоҳи тафтишоти пешакӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Масъулияти назорат ва посбонии маҳбасон , ки дар гузашта бар дӯши вазорати умури дохила буд, феълан дар ихтиёри вазорати адлия гузошта шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG