Пайвандҳои дастрасӣ

Тавқифи фаъолияти "Аlliance Mission"


Вазорати адлияи Тоҷикистон алайҳи чанд созмони ҷамъиятии байналмилалӣ, ки ба бовари ин вазорат, ба тарғиби ақоиди мухталифи мазҳабӣ дар байни аҳолии ин кишвар машғул будаанд, ба додгоҳ шикоят бурдааст. Давлат Сулаймонов, раҳбари идораи сабти номи аҳзоб ва созмонҳо дар вазорати адлия, ба хабарнигорон гуфт, ахиран бо қарори додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт фаъолияти созмони олмонии "Аlliance Mission" муттаваққиф гардид. Мақомот ин созмонро ба он айбдор мекунанд, ки ба ҷойи фаъолиятҳои башардӯстона ба тарғиби ғайриқонунии ақоиди яке аз ҷараёнҳои дини масеҳӣ машғул шудааст. "Аlliance Mission" дар Тоҷикистон аз соли 1998 ба ин сӯ фаъолият мекард.
Ба гуфтаи мақомоти вазорати адлия, феълан дар додгоҳҳо муҳокимаи парвандаҳои алайҳи созмони амрикоии “Ора Интернешнал” ва созмони олмонии “Каритас”, ки низ ба тарғибу ташвиқи ғайриқонунии ақоиди дини масеҳӣ муттаҳам мешаванд, идома дорад.
XS
SM
MD
LG